Президент

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши чорвои хушзоти хоҷагиҳои чорвопарварии вилояти Хатлон дар бозори Каёнӯши ноҳияи Данғара боздид намуданд

23 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара аз Намоиши чорвои хушзоти хоҷагиҳои чорвопарварии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуданд.

Хоҷагиҳои зотпарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар Маркази савдои Каёнӯш намунаи чорвои хушзоти хурду калон ва намудҳои гуногуни парандаю моҳӣ ва дигар дастовардҳоро ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин намоишгоҳ муаррифӣ карданд.

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон

23 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ бо мақсади иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи корҳои кишоварзӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Ҳар як ташрифи Сарвари давлат ба ин ё он гӯшаи

Страницы