Тоҷикистон ва Япония баргузории анҷуманҳои соҳибкориву нишастҳои солонаро баррасӣ карданд
Опубликовано пт, 03/11/2017 - 10:16 пользователем tvt
Вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо Президенти Иттиҳодияи Япония оид ба савдо бо Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO), ҳамзамон раиси Шӯрои мудирони ширкати «Kawasaki Heavy Industries» Шигэру Мураяма 1 ноябр баргузор гардид.


Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония ба муносибати 26-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония ҷамъомади расмӣ доир намуд.
1 апрели соли 2017 бо ташаббуси Cафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония бахшида ба ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ дар боғи фароғатии «Yukari no Mori»-и шаҳри Тсукубаи Япония маҳфили идона бо иштироки ҳамватанони муқими кишвари иқомат баргузор гардид.