виза

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳое шомил шудааст, ки осонтарин низоми гирифтани раводид доранд

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳое шомил шудааст, ки осонтарин низоми гирифтани раводид доранд. Дар ин бора маҷаллаи бритониёии “Wanderlust travel»  12 августи соли 2017  хабар дода, афзудааст: «Тоҷикистон 4-умин кишвари ҷаҳон аст, ки низоми осонтарини раводид дорад».

Ба навиштаи маҷалла, Тоҷикистон соли гузашта низоми электронии раводидро ҷорӣ кард ва феълан барои гирифтани раводиди сафар танҳо пешниҳоди нусхаи шиноснома кофӣ мебошад.