Пазироии ҳунармандони барҷастаи Ӯзбекистон дар даромадгоҳи «Кохи Борбад»
Опубликовано чт, 08/03/2018 - 18:10 пользователем tvtТавре пештар хабар додем, имшаб ҳайати фарҳангӣ ва санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Душанбе ташриф овард. Ба ҳайати меҳмонон сарояндагон, навозандагон ва раққосони зиёди маъруфи Ӯзбекистони бародар, аз ҷумла Ҳунарпешагони халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев, Юлдуз Усмонова, Фаррух Зокиров, Озодбек Назарбеков, Бунёдбек Саидов ва дигарон шомил мебошанд.