Ӯзбекистон

Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масоили муҳимро баррасӣ намуданд

Имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Пулат Бобожоновро, ки дар ҳайати гурӯҳи корӣ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуд

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти  Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари давлатӣ қарор дорад, мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти дастгоҳи Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: «ХАЛҚИ МО ҲАМСОЯИ НЕКРО ЧУН АТОИ ХУДОВАНД ҚАБУЛ ДОРАД»

Миёни тоҷикону ӯзбекон мақоле ҳаст, ки «ҳамсояро интихоб намекунанд». Халқи мо ҳамсояи некро чун атои Худованд қабул дорад. Рушд ва таҳкими ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо барои ояндаи халқҳои мо, балки барои таъмини сулҳу субот ва амният дар тамоми минтақа низ аҳамияти стратегӣ дорад.

Страницы