Тавзеҳот дар бораи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати сафарҳои дуҷонибаи шаҳрвандон
Опубликовано вт, 13/03/2018 - 16:01 пользователем tvtДар чаҳорчӯби сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.М. Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 сурат гирифт, Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон, ки буду боши бераводиди шаҳрвандони ду кишварро ба муддати 30 рӯз пешбинӣ мекунад, ба имзо расид.