Ӯзбекистон

Бо саҳми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон корхонаи нави истеҳсоли трансформаторҳо бунёд мешавад

Дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуҷандторгмаш» боз як корхонаи нави истеҳсоли трансформаторҳо бунёд мешавад. Корхонаи нав бо саҳми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон сохта шуда, истеҳсоли маҳсулот бо истифода аз технологияҳои германӣ ба роҳ монда мешавад.

Ҷаласаи якуми Шӯрои ҳарбии муштараки мақомоти сарҳадии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир гардид

21-22 декабри соли равон дар шаҳри Гулистон ҷаласаи якуми Шӯрои ҳарбии муштараки Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Раиси Палатаи қонунгузории Парлумони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон омад

Шаби 19 ноябр Раиси Палатаи қонунгузории Парлумони (Олий Маҷлиси) Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов  бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.

Страницы