undefined

Ҳарорат дар баъзе минтақаҳои мамлакат рӯ ба пастшавӣ меорад

Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 11 сентябр дар бештари минтақаҳои  мамлакат ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар баъзе ноҳияҳо аз 2 то 3 дараҷа паст мегардад.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ғарби вилоят шабона 6-11, рӯзона 23-28 дараҷа, дар шарқи ҳамин вилоят шабона 1-4 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.