Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад
Опубликовано чт, 02/11/2017 - 09:21 пользователем tvt
Субҳи имрӯз Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмии дурӯза вориди пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе шуд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.


Масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш дар Ашқобод зимни мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо муовини раиси Девони вазирони Туркманистон Сапардудӣ Толиев дар Ашқобод баррасӣ гардиданд.