Туризм

Тоҷикистон то соли 2020 зиёда аз 1 миллион сайёҳро қабул мекунад

turizm.jpgДар асоси Консепсияи миллии рушди соҳаи сайёҳӣ Тоҷикистон бояд то соли 2020 зиёда аз 1 миллион сайёҳро қабул кунад. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз аз 119 адад ширкатҳои сайёҳӣ 51 ададашон ба туризми содиротӣ машғул буда, боқимонда танҳо ба ҷалб кардани сайёҳон машғул мебошанд.