Тоҷикобод

Дар ноҳияи Тоҷикобод ба сохтмони беморхонаи замонавӣ санги асос гузошта шуд

Дар ноҳияи Тоҷикобод  ҷиҳати сохтмони беморхонаи замонавӣ барои 45 ҳазор аҳолӣ санги асос гузошта шуд.

Тавре дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари дармонгоҳи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Тоҷикобод Диловар Тақдиров  хабар дод, тибқи нақшаи тасдиқшуда, бинои беморхона аз 2 ошёна ва зербино иборат мебошад.