Ҳайати баландпояи аҳли илму фарҳанги Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар намуд
Опубликовано ср, 01/08/2018 - 13:55 пользователем admin
Дар доираи таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди илмию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва сафари давлатии қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 1 август ҳайати беш аз панҷоҳ нафараи фарҳангиёни тоҷик таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард.


Аз 21 то 29 июли соли равон дар шаҳри Лисабони Ҷумҳурии Португалия 49-умин Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни физика (49th IPhO 2018) баргузор гардид. Дар он аз Тоҷикистон 5 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.