Муовини Сарвазири Туркманистон ҷиҳати иштирок дар саммити сарони ИДМ ба Душанбе омад
Опубликовано пт, 28/09/2018 - 11:27 пользователем admin
Cубҳи имрӯз муовини Сарвазири Туркманистон Пурли Агамурадов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ба шаҳри Душанбе омад.


Шоми имрӯз дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳои иштирокдори ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ Ш
Шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ вориди шаҳри Душанбе гардид.