Шоҳномахонӣ

Дар доираи Намоишгоҳи «Китоби Душанбе» озмуни «Шоҳномахонӣ» доир гардид

25 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар доираи чорабиниҳои Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» озмуни «Шоҳномахонӣ» бо иштироки хонандагони мактабҳои миёна сурат гирифт.

Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар озмун зиёда аз 20 нафар хонандагони фаъоли мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Душанбе, Роғун ва ноҳияи Файзобод,