Дар Душанбе боз як дабистон дари худро ба рӯи толибилмон боз намуд
Опубликовано пт, 15/03/2019 - 19:16 пользователем admin
Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Арғувони ноҳияи Синои пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 84 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Муассисаи навбунёди таълимӣ барои 820 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои шароити муосири таълиму тарбия мебошад.


Имрӯз иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид. Иҷлосияи мазкур таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.