Prodexpo

«Ҳавотоғ» ва «Лимонад №1» дар намоишгоҳи байналмилалии «Продэкспо-2017» соҳиби медали тилло шуданд

Дар доираи 24-умин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ғизои «Продэкспо-2017» озмуни байналхалқии «Маҳсулоти беҳтарин-2017» доир гардид, ки дар он аз байни 105 ширкат маҳсулоти ҶСП «Евроазия-2005»- обҳои ташнашикани «Ҳавотоғ» ва «Лимонад №1» беҳтарин дониста шуда, ғолиби озмун ва соҳиби медали тилло шуданд.