Президенти Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон мулоқот намуданд

Имрон Хон26 апрел дар шаҳри Пекин дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дар ҳошияи иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон мулоқот карданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи дуюми сатҳи баланди Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок ва суханронӣ намуданд

Эмомалӣ РаҳмонНимаи дуюми рӯзи 26 апрел дар Маркази ҳамоиши миллии Чин Ҷаласаи дуюми сатҳи баланд кори худро идома дод.

Дар ин ҷаласа Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда, суханронӣ карда, ба ҷониби Чин барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани ҳамоиш изҳори сипос намуданд.