Пешвои миллат

Машварати кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд

24 марти соли 2017 дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.

Дар кори машварат вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд, рафти корҳои ободонию созандагӣ, кишту кори баҳорӣ ва кишти такрорӣ, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, бартараф кардани камбудию мушкилоти ҷойдошта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад”

Дар шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад” шинос шуданд.

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони шаҳри Исфара

Ҳамдиёрони гиромӣ!
Дӯстони азиз!

Фарорасии фасли зебои баҳор ва Наврӯзи ҷаҳониро, ки имсол аз баракати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва талошу ибтикороти кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ҳафтумин соли ҷаҳонишавии он таҷлил мегардад, ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд ва тамоми сокинони сарбаланду ватандӯсти шаҳри бостонии Исфараро табрик мегӯям.

Страницы