Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Вахш
Опубликовано ср, 16/08/2017 - 13:43 пользователем sanjar
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Басо рамзист, ки мулоқоти имрӯзаи мо бо шумо — сокинони ҳимматбаланду қавииродаи ноҳияи Вахш дар рӯзҳои омодагӣ ба ҷашни барои ҳамаамон муқаддасу муборак — бистушашсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон баргузор шуда истодааст.


Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти “20 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” барои бунёди Маркази табобатии тиббии ба номи Исмоили Сомонӣ санги асос гузошта, дар ҳамин ҷо бо сокинону фаъолони ноҳия суҳбату мулоқоти самимию созанда доир карданд.