Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои дастии ноҳияи Дарвоз
Опубликовано ср, 13/09/2017 - 17:50 пользователем tvt
Дар доираи сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Истироҳатгоҳи «Чорчаман»- и ноҳияи Дарвоз намоишгоҳи кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои дастиро тамошо карданд.


Сафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ба хотири шиносоӣ бо дастовардҳои меҳнатии заҳматкашон, оғози корҳои бунёдӣ ва ба истифода додани хонаҳои навбунёд сурат гирифт, бори дигар умеду боварии сокинони вилоятро ба ояндаи дурахшони Ватани