обу ҳаво

Ҳавои номусоиди боронӣ дар ҷумҳурӣ то пагоҳ идома меёбад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон,  ҳавои номусоид дар ҷумҳурӣ то 19 апрел идома ёфта, тӯли ин муддат боридани боронҳои пуршиддат ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст.

Агентии обуҳавошиносӣ аз боридани боронҳои пуршиддат дар ҷумҳурӣ хабар медиҳад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон,  имрӯз дар ҷумҳурӣ боридани боронҳои пуршиддат дар назар буда, дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст.

Имрӯз, 17 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шабона дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ боридани борону жола дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, шурӯъ аз имрӯз то 18 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ боридани боронҳои пуршиддат ва жола дар назар буда, дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст.

Имрӯз, 16 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шабона дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Страницы