обу ҳаво

Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо гармӣ ба 37 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Имрӯз, 1 июн дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +16 +21 ва рӯзона +32 +37 дараҷа гарм мешавад.

Ҳавои тағйирёбандаи абрӣ дар Тоҷикистон то охири ҳафта идома мекунад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Имрӯз, 31 май дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +12 +17 ва рӯзона +28 +33 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво офтобӣ мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ вазъи обу ҳаво мусоид гашта, дар бештари ноҳияҳо ҳавои тағйирёбандаи бебориш   дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Имрӯз, 29 май дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 4-9 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +11 +16 ва рӯзона +29 +34 дараҷа гарм мешавад.

Страницы