Дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд Наврӯзи байналмилалӣ пуршукӯҳ таҷлил мешавад
Опубликовано пт, 15/03/2019 - 19:02 пользователем adminБахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ шурӯъ аз 16 марти соли равон дар маҳаллаи Тути калон ва мувофиқи нақша, дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд барномаҳои наврӯзӣ бо пухтани суманак ҷараён мегиранд. Дар ин бора аз хадамоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.