Нақлиёт

Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад

Дар робита ба баргузории марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе 16 марти соли 2019 аз соати 07:00 то 11:00   ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ то собиқ дидбонгоҳи БДА «Чорбоғ» муваққатан қатъ мегардад.