МВД

ШАРҲИ РАСМИИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ДАР БОРАИ ҲОДИСАИ ҲАМЛА БА САЙЁҲОН

29 июли соли равон тахминан соати 15:30-дақиқа, гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон бо автомашинаи тамғаи «Леганзе», рақами қайди давлатиаш 74-98 ВН 03 дар шоҳроҳи Кӯлоб – Душанбе дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон (дар км 81) бо суръати баланд ба 7 нафар сайёҳони хориҷӣ – шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Швейтсари