Муъмин Қаноат

"Номи нек ва осори ватандўстонаи Муъмин Қаноат дар хотираи мардум абадӣ боқӣ хоҳад монд..."

Тавре қаблан хабар дода будем, 18 май пас аз зуҳр, баъд аз бемории тӯлонӣ, ду рӯз пеш аз 86-умин солгарди умри худ, шоири барҷастаи тоҷик Муъмин Қаноат аз олам даргузашт.

Пешвои миллат ба аҳли оила ва наздикону пайвандони Муъмин Қаноат изҳори тасаллият намуданд

Тавре хабар додем, имрўз, 18 — уми майи соли 2018 Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи давлатии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муъмин Қаноат дар синни 86 — солагӣ аз олам даргузашт.

Шоири маъруфи тоҷик Муъмин Қаноат аз олам даргузашт

Имрӯз шоири маъруфи тоҷик Муъмин Қаноат пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷанозаи марҳум Муъмин Қаноат пагоҳ, 19 май, соати 10:00 дар Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб (суроға: ш. Душанбе, кӯч. Шодмонӣ, 58) баргузор мегардад.