Матбуот

«Шарҳи парчам дар фарҳангҳо», «На чу дирӯза ба як қоида такрор шавем» — шарҳи матбуот

Дар рубрикаи «Сухани рӯз» нашрияи «Ҷумҳурият» (20.11.2017, №236-237) суханони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чоп кардааст: «Бо ифтихор иброз медорам, ман ба иродаи қавӣ, неруи созанда ва хиради азалии мардуми сарбаланди тоҷик эътимод дорам. То имрӯз ҳар коре, ки анҷом додем, ба хотири адои қарзи фарзандӣ дар назди Ватан – Модар буд ва минбаъд низ тамоми донишу таҷриба ва саъю талоши худро дар ин роҳ бедареғ сарф хоҳем кард». Мавриди зикр

Таҷлили 105-солагии матбуоти тоҷик дар шаҳри Кӯлоб

matbuot.jpgИмрӯз бахшида ба ҷашни 105-солагии матбуоти тоҷик дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамоиш доир гардид. Дар ҳамоиш Хайруллои Амонулло, раиси шаҳри Кӯлоб намояндагони воситаҳои ахбори оммаро бо ҷашни касбӣ табрик намуда, иброз дошт, ки матбуоти тоҷик дар ҷомеа нақши муассир дошта, пешравию муваффақият ва дастовардҳои замони истиқлолиятро инъикос менамояд.
Ҳамчунин дар ҳамоиш рӯзноманигорон Ғоиб

Ба хабарнигорони воситаҳои ахбори ВМКБ ба шарафи Рӯзи матбуот ифтихорнома ва мукофоти пулӣ тақдим карданд

pechat.jpgДар толори Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ВМКБ маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд ва гурӯҳи кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардиданд.
Дар мулоқот бо хабарнигорон муовини раиси вилоят Гулдаста Орумбекзода аз нақши матбуот дар зиндагӣ ва рӯзгори мардум ҳарф зада, гуфт, ки «матбуот ҳамчун пул миёни мардум ва ҳокимияти давлатӣ хизмат мекунад.