Хоҷазода Беҳруз

Дар раддабандии самбочиёни маъруфи ҷаҳон Беҳруз Хоҷазода мақоми дуюмро ишғол намуд

Пас  аз ҷамъбасти соли 2017 Федератсияи байналмилалии самбо дар сомонааш раддабандии самбочиёни маъруфи ҷаҳонро нашр намуд. Дар он  варзишгари тоҷик Беҳруз Хоҷазода дар вазни то 74 кг мақоми дуюмро ишғол намудааст.