Global Music

Фарангис Нуруллохоҷа соҳиби ҷоизаи тиллоии «Мусиқии ҷаҳонӣ»- (Global Music) гардид

Оҳангсози машҳури Тоҷикистону Канада, набераи бастакори шинохтаи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ- Фарангис Нуруллохоҷа соҳиби ҷоизаи тиллоии «Мусиқии ҷаҳонӣ» — (Global Music) гардид. 
Ба иттилои манбаъ, Фарангис Нуруллохоҷа Ҷоизаи тиллоиро моҳи марти соли 2017 зимни баргузории як зумра консертҳои оркестри ҷаҳонии симфонӣ ба даст овардааст.