Ҷоми Осиё

Нишасти матбуотӣ бахшида ба оғози Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018

Рӯзи якшанбе, 2-уми апрел дар меҳмонхонаи Ҳаятт Реҷенси»-и шаҳри Душанбе бахшида ба оғози бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 байни бонувон дар гурӯҳи «А» нишасти матбуотӣ доир мегардад. Ба саволи хабарнигорон сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Ироқ, Баҳрайн, Амороти Муттаҳидаи Араб, Урдун ва Филиппин посух медиҳанд.