БДА

РАЁСАТИ БДА ВКД: ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мошинҳои шишаҳояшон сиёҳу хиракардашуда сафар накунед!

Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш ва талаб менамояд, ки бо мошинҳои шишаҳояшон сиёҳу хиракардашуда ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар накунанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.