Байтулмуқаддас

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Байтулмуқаддас

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдоми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати интиқоли намояндагии дипломатии худ аз шаҳри Телавив ба Байтулмуқаддас изҳори нигаронӣ намуда, бар он аст, ки ин амр минтақаи Ховари Миёна ва атрофи онро мувоҷеҳи мушкилоти бештари сиёсиву амниятӣ ва ташаннуҷи қавмиву динӣ хоҳад кард.

Трамп Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътироф кард

Доналд Трамп –  президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – Байтулмуқаддасро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият шинохт. Ӯ рӯзи 6-уми декабр ҳамчунин эълон кард, ки сафорати Амрикоро аз Телавив ба Байтулмуқаддас мекӯчонад. Дар ин бора агентии «РИА Новости» хабар дод.