Байкал

Намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар Форуми байналмилалии «Байкал» ширкат доранд

Ҳайати ҷавонони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар Форуми байналмилалии ҷавонон «Байкал» иштирок дорад.

Тавре мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони дастгоҳи КИМ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муовини якуми раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Илҳомҷон Ҳамидов  ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, онҳо дар форуми мазкур таҷрибаи пешқадами созмонро ба иштирокчиён муаррифӣ доранд.