ШСХК «Барқи тоҷик»: Дар Тоҷикистон то имрӯз дар интиқоли барқ ягон маҳдудият ҷорӣ нашудааст
Опубликовано вт, 04/08/2020 - 12:58 пользователем admin
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз, 4 августи соли 2020 дар интиқоли барқ ягон маҳдудият ҷорӣ нашудааст. Чунин иброз намуд сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар».


Имрӯзҳо дар тамоми қаламрави кишвар муваққатан маҳдуд кардани неруи барқ дар баъе мавзеҳои зист ба мушоҳида мерасад. Масъулони Ширкати саҳомию холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» сабаби онро ба иҷрои корҳои таъмирию профилактикӣ рабт доданд.