Англисӣ

Дар Душанбе бори аввал дар Осиёи Марказӣ Озмуни имлои забони англисӣ доир гардид

Дар Гўшаи амрикоии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии бевоситаи Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард Озмуни имлои забони англисӣ баргузор гардид, ки дар он 11  нафар довталабон аз Тоҷикистон,  Қазоқистон, Қирғизистон ва Ўзбекистон иштирок намуданд.
Озмуни имло – мусобиқаи маъруф дар Амрико мебошад, ки дар он аз иштирокчиён ҳарф ба ҳарф талаффуз кардан ва навиштани калимаҳо ба забони англисӣ талаб карда мешавад.