Лукашенко муносиботи ҳозираи элитаҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ҳасадбарангез хонд
Опубликовано вт, 18/09/2018 - 10:11 пользователем admin
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, ки бо сафари расмӣ дар Тошканд қарор дошт, ҳангоми мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар бораи сафари охири расмияш ба Тоҷикистон ёдовар шуд.


Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар шаҳри Ҳисор марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис», ки дар он асосан васлу насби трактор ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ анҷом дода мешавад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Нимаи дуюми рӯзи 15-уми майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.