Идораи барномаҳои кишоварзӣ, обёрӣ ва ислоҳоти замин

Сармуҳаррир | Муҳаррирон | Коргардонҳо 

Идораи барномаҳои кишоварзӣ, обёрӣ ва ислоҳоти замин аз якуми январи соли 2021 дар сохтори «Телевизиони Тоҷикистон» таъсис дода шудааст.

Имрўз фаъолияти ҳайати эҷодӣ барои таҳияи барномаҳо дар бораи истифодаи самараноки замин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, баланд бардоштани самаранокии иқтисодии замин ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир равона карда шудааст.

Бурду бохти соҳаи чорводорӣ низ мунтазам инъикос карда мешавад.

«Агроиқтисод», «Тавсия», «Кишоварз», «Тоҷикистон дар рақамҳо» ва «Навиди кишоварзӣ» номгўи барномаҳое мебошанд, ки аз ҷониби аҳли эҷоди Идораи барномаҳои кишоварзӣ, обёрӣ ва ислоҳоти замин мунтазам таҳия ва пешниҳод карда мешавад.