Ифтитоҳи Маркази савдо ва хизматрасонии «Фаровон» дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Маркази савдо ва хизматрасонии «Фаровон» оғози расмӣ бахшиданд.

Иншооти мазкур дар маркази шаҳр бо тарҳи муосиру ҷавобгӯй ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ қомат афрохта, ба ободии ин шаҳри бостонӣ зебоии дигар зам намудааст.

Маркази савдо ва хизматрасонии «Фаровон» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шукрулло Ашӯров бо харҷи 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ сохта шуда, он аз чор ошёна иборат мебошад.

Дар ин Маркази хизматрасонӣ ошхонаи миллӣ барои омода кардани таомҳои миллию аврупоӣ ва таъсиси 20 ҷойи нави корӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ таъсис дода шудааст.

Дар ҳаминҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 150 нафар ятимони кулли шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Деваштич туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Пешвои миллат бо ин кӯдакон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд аз нахустин рӯзҳои ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар маркази диққати роҳбарияти олии давлату ҳукумати мамлакат қарор дошта, ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи зисту зиндагонӣ, таҳсил ва фаъолият тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат муассисаҳои таълимии замонавӣ ҷиҳати таълиму тарбияи ятимону бепарасторон таъсис дода шудааст, ки имрӯз кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда ҳамчун шахсони фаъолу комилҳуқуқи ҷомеа ба воя мерасанд.

Дар ин рӯз шодию нишоти кӯдаконро ҳадду канор набуд, зеро онҳо шахсан аз дасти Роҳбари ғамхору раъиятпарвари хеш сару либос, пойафзол, кумаки яквақтаинаи молиявӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд гирифтанд.

Дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин амалҳои эҳсонкорӣ аз ҷониби шахсони хайрхоҳу ватандӯст пайваста нисбат ба кӯдакони яккаву танҳо анҷом дода мешавад ва онҳо аз ин ғамхориҳо рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ба ояндаи нек дилгарм мешаванд.

Дар ошёнаи дуюми ҳамин Маркази хизматрасонӣ аз ҷониби ширкати истеҳсолӣ-ҶДММ «Ноҳид» ва ташкилоти «Фонди Рушди Ҷомеа» коргоҳи дӯзандагӣ таъсис дода шудааст, ки дар он 70 нафар занону духтарони шаҳр ва деҳот бо кор ҷалб гардидаанд.

Боиси зикр аст, ки дар ин коргоҳ ҷойҳои корӣ ва шароити созгори фаъолият, асосан барои шахсони маъюбе, ки имконияти сухангӯӣ ва шунавоияшон маҳдуд мебошад, ташкил карда шудааст.

Фаъолият дар коргоҳи мазкур имкон медиҳад, ки занҳои гунгу кар худро узви комилҳуқуқи ҷомеа эҳсос намоянд.

Пешвои миллат иброз доштанд, ки баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва ҷалби аҳолӣ, хусусан шахсони имконияташон маҳдуд бо шуғли доимӣ марҳила ба марҳила тадбирҳои заруриро дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат амалӣ намуда истодаанд.

Дар ин коргоҳ 36 дастгоҳи муосири дӯзандагӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии соҳавӣ, аз ҷумла, бурандагӣ ва дарзмолкунӣ васлу насб гардида, маоши миёнаи кормандон аз 800 то 1000 сомониро ташкил медиҳад.

ҶДММ «Ноҳид» дар асоси технологияи муосир қариб 70 намуди маҳсулоти таҳпӯш ва болпӯши бачагона, занона ва мардона истеҳсол менамояд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳи навтаъсис дар як моҳ зиёда аз 10 ҳазор дона маҳсулоти гуногуни трикотажӣ, аз ҷумла, 3 ҳазор дона либоси таҳпӯши мардона, 3 ҳазор дона либоси сабуки тобистона (футболка), якуним ҳазор дона либосҳои кӯдакони навзод ва 2,5 ҳазор дона либосҳои таҳпӯши занона мебошад.

Маҳсулоти истеҳсол намудаи коргоҳи мазкур 100 фоиз аз маҳсулоти пахта буда, дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешаванд.

Молҳои истеҳсолнамудаи ин коргоҳ пурра маҳсулоти воридотивазкунанда буда, ба саломатӣ ягон зарар намерасонанд. Фармоишгари Маркази савдо ва хизматрасонии “Фаровон” соҳибкорон Шукрулло Ашӯров ва Ином Мамуров буда, пудратчии он ҶДММ «Озодаи Амрӣ» мебошад ва иншоот дар масоҳати 614,10 метри мураббаъ сохта шудааст.

Ифтитоҳи ин Маркази нави хизматрасонӣ дар шаҳри Истаравшан дар самти ҷалби шахсони бе шуғл заминаи мусоид фароҳам овард.

Аз ин иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат занону бонувон изҳори минатдорӣ намуда, таъкид медоранд, ки маҳз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳибкорони ватандӯст аст, ки онҳо чунин коргоҳу марказҳои хизматрасониро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд.