Идораи барномаҳои Сиёсӣ-таҳлилӣ

Сармуҳаррир | Муҳаррирон | Коргардонҳо

Муаррифии шоистаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ, таҳлили вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо, Тоҷикистон ва созмонҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ, имрўз ва ояндаи ҳамгироӣ бо шарикони давлат, пайгирии рўйдодҳои муҳими байналмилалӣ, маҳкумияти хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир-терроризму экстремизм ва ҷудоихоҳӣ, инъикоси воқеии рафти татбиқи қарору қонунҳо, мурофиаҳои судӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳлили масъалаҳои экологии глобалӣ, ташаббусҳои созандаи минтақавию байналмилалии Тоҷикистон ва пуштибонии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз онҳо дар меҳвари барномаҳои Идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии «Телевизиони Тоҷикистон».

Ҳадафи мо-муаррифии бештари Тоҷикистон ба ҷаҳониён

«Дар мавзўи рўз»

Баррасии масъалаҳои муҳиму мубрами Тоҷикистону ҷаҳон, суботу амният, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, терроризму экстремизм, сепаратизм, буҳронҳои ҷаҳониву минтақавӣ ва ғайраҳо дар ду шакл-мизи мудаввар ва таҳлилӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

«Раванд»

Пайгирӣ ва таҳлили равандҳои мусбат ва манфии баамаломада дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон. Инчунин, таҳаввулоту дигаргуниҳои коинот, ҷаҳонишавӣ ва пайомадҳои он, бархўрди тамаддунҳо, рушди босуръати коммуникатсия ва рақамикунонии ҷаҳон низ мавзўъҳои меҳварии барномаро ташкил медиҳанд.

«Сиёсати муваффақ»

Барномаи таҳлилии «Сиёсати муваффақ» меҳвари сиёсати «дарҳои боз»-ро ташкил дода, масъалаҳои таҳлили ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва ташаббусу нақшофарии Тоҷикистонро дар саҳнаҳои сиёсии ҷаҳон инъикос ва баррасӣ менамояд.

«Тоҷикистон ва ҷаҳон»

Таҳаввулот ва рўйдоду воқеаҳое, ки дар олами сиёсӣ ва иҷтимоии ҷаҳон ба амал меоянд, дар барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон» баррасӣ гардида, ҳамчунин равандҳои зикршуда бо вазъи сиёсию иҷтимоии мамлакат бо иштироки коршиносон муқоиса карда мешавад.

«Тафсир»

Татбиқи қарору қонунҳо ва пайгирии саривақтии масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ. Таҳлили мушкилот ва бозёфти роҳҳои ҳалли он бо иштироки ниҳодҳои масъул таҳлилгарон дар шакли телемост ба бинанда манзур карда мешавад.

«Мурофиа»

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳадафи аслии барнома аст. Баррасии парвандаҳои гуногун дар барномаи судӣ-ҳуқуқии «Мурофиа» инъикос мегардад. Барнома аз толори суд сабт гардида, дар он парвандаҳои ҷиноятӣ, оилавӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ғайраҳо аз тарафи судҳои мамлакат баррасӣ карда шуда, нисбати ҳуқуқвайронкунандаҳо дар доираи қонун ҷазо таъин карда мешавад.

«Таҳаввул»

Муҳтавои барнома ба масъалаҳои марбут ба обу энергетика ва иқлиму экология нигаронида шудааст. Инъикос ва тарғибу ташвиқи чор ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон, ки бо қатъномаҳои махсуси СММ пазируфта шудаанд, ҳадафи асосии барнома мебошад. Масъалаҳои обӣ, иқлимӣ ва экологӣ ба таври ҷузъӣ бо мавзўъҳои ҷудогона таҳлил мегарданд. Фарогирии мавзўъҳо масъалаҳои ватанӣ, минтақавӣ ва глобалӣ ба шумор мераванд.   

«Меҳвар»

Дар барномаи «Меҳвар» масъалаҳои муҳиму мубрами ҷаҳону Тоҷикистон аз қабили ваҳдат, суботу амният, ягонагӣ,  Истиқлолият, Тоҷикистон ҳамчун кишвари фаъол ва ташааббускор дар ҳали масъалаҳои экологии глобалӣ, камшавии захираҳои табиӣ дар ҷаҳон, терроризму экстремизм, ҷудоихоҳӣ, буҳронҳои ҷаҳониву минтақавӣ ва ғайраҳо мавриди таҳлилу баррасӣ карор мегиранд. Ҳамчунин барномаи «Меҳвар» ватандўстию ватанпарастиро миёни ҷавонон тарғиб карда, шомилшавии онҳоро ба гурўҳҳои ифротӣ маҳкум намуда, роҳҳои пешгирии онҳоро бо иштироки коршиносони сиёсӣ ташвиқ менамояд.