Охонов Садриддин Сироҷиддинович

Охонов Садриддин Сироҷиддинович соли 1983 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.

Соли 2006 факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ва соли 2018 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм намудааст.

Аз соли 2006 то соли 2008 дар «Телевизиони Сафина» ба ҳайси муҳандиси студияи марказӣ ва аз соли 2008 то соли 2012 дар ҶСК «Тоҷикнашр» ба ҳайси муҳаррир ва сармуҳаррир фаъолият намудааст.

Соли 2012 ба «Телевизиони Тоҷикистон» омада, фаъолияти худро ба ҳайси муҳаррири хурд, муҳаррир ва муҳаррири варзида идома додааст.

Айни замон ба ҳайси муҳаррири варзидаи Идораи барномаҳои меъморӣ, сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсия фаъолият дошта, муаллифи барномаи «Истиқбол аз Истиқлол» мебошад.

Беш аз 100 мақолааш дар матбуоти даврии кишвар ба табъ расидааст.

Бо Ифтихорномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишони Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Аз соли 2013 аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.