Назираи Сарфароз

Назираи Сарфароз – номзади илмҳои фалсафа, дотсенти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, докторанти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мураттиби китоби «Ҳуқуқи журналист», дорандаи Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ш.Душанбе, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии ифтихории маориф ва илми Тоҷикистон.

Сарфарозова Назира Гулазоровна 21-уми феврали соли 1985 дар оилаи зиёии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 1991 ба мактаби №51-и н.Ҷ.Балхии в.Хатлон дохил шуда, соли 2002 мактаби №189-и н.Рӯдакиро бо медали тилло хатм кардааст. Ғолиби Олимпиадаҳои ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ва гирандаи стипендияи президентӣ дар солҳои 1999-2002 мебошад. Соли 2002 ба факултаи журналистикаи ДМТ(шуъбаи рӯзона/буҷавӣ) дохил шуда, онро соли 2007 бо дипломи аъло хатм намудааст.

Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2005 ба сифати муҳаррири Идораи барномаҳои “Субҳ”-и Телевизиони Тоҷикистон оғоз намуда, худи ҳамон сол бо таъсис, муҳаррирӣ ва барандагии бахши мубрами “Оинаи рӯз”, ки фарогири шарҳи муҳтавои рӯзномаву ҳафтаномаҳои ҷумҳурӣ буд, мавқеъ пайдо кард. Дар баробари ин, бахшҳои зиёдеро, аз ҷумлаи “Инқилоби асри нав”, “Душанбе-шаҳри пайкараҳо”, “Равоншифо” ва “Роҳнамо” таъсис дода, субҳи пурраи чандин шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои ҷумҳуриро низ дар алоҳидагӣ инъикос ва роҳандозӣ намуд.

Дар соли 2007 аз гуруҳи эҷодии “Фаросӯ” бо силсилабарномаҳои таҳлилии “Тазод” ва “Равоншифо” бозкушои мушкилтарин мавзӯъҳои мубрам новобаста ба жанр ва соҳа гардида, баьдан аз Идораи барномаҳои сиёсӣ силсилабарномаҳои муаллифии худро таҳти унвони “Нури ҷовид”, “Зан ва замон”, “Худшиносӣ”, “Аз пайи хабар”, “Истиқлоли мо” пешниҳоди бинандагон кард. Ниҳоят дар баробари ифои рисолати пурмасъулияти роҳбарӣ то таъсиси ТВ “Илм ва табиат” силсилабарномаи таҳлилии “Камоли илм”-ро тақдими тамошобинони закӣ гардонид. Махсусан бо силсилабарномаи “Аз пайи хабар”(с.2015) нахустбонуи телевизионҳои миллӣ дар шарҳи сиёсати хориҷӣ гардид, ки дар баробари шарҳи сиёсати дохилӣ таъҷиливу ҷасурона пешкаш намудааст.

Назирабону узви ИЖТ аз с.2013 ва аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз соли 2015 мебошад. Рисолаи номзадиашро дар мавзӯйи “Нақши телевизион дар таҳкими худшиносии миллӣ” (с.2017) анҷом дода, муаллифи 1-монография ва беш аз 15-мақолаи илмӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад, ки дар қаламрави Осиёву Аврупо низ чоп шудаанд.

Назира Сарфарозова солиёни дароз танҳо дар “Телевизиони Тоҷикистон” дар вазифаҳои муҳаррир, шореҳи сиёсӣ, муҳаррири варзида, и.в. сармуҳаррир ва муовини сардори ТМТ “Шаҳнавоз” фаъолияти пурсамари бенуқсон кардааст, ки аз оғози соли 2020 инҷониб Муовини Директори “Телевизиони Тоҷикистон” мебошад.

Оиладор, соҳиби 1 фарзанд аст.


Барномаҳои Назираи Сарфароз


Камоли илм: Вазъи пиряхҳои Тоҷикистон дар 2020"

Анонси Камоли илм: Вазъи пиряхҳои Тоҷикистон дар 2020"

Камоли илм: Таҳқиқи ҷавҳар ва дурнамои "Бистсола.."

Наврӯзи Душанбе - меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ

Муборизаи олимони тоҷик бар зидди Ковид-19

Зарбаи якуми Ковид ба олимон

Дар мавзӯи рӯз: Саратоншиносӣ

Дар мавзӯи рӯз: Пардохти алимент

Истиқлоли мо: Сиёсати миллии сайёҳӣ

Истиқлоли мо: Академияи ВКД

Истиқлоли мо: 26-солагии Истиқлол

Истиқлоли мо: Арзиши сиёсӣ ва таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои олии ҶТ

Истиқлоли мо: Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Истиқлоли мо: Зан олиҳаи меҳру муҳаббат

Истиқлоли мо: Ҳувият ва либоси миллӣ

Истиқлоли мо: Самараҳои Истиқлоли давлатӣ

Истиқлоли мо: Тоҷикистон аз нигоҳи сайёҳон

Истиқлоли мо: Ҷавонони тоҷик ҷаҳонро бо илм тасхир карданд

Истиқлоли мо: Таърихи бунёди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ

«Субҳ»: Аҳамияту афзалияти фарҳанги хонаводагӣ дар ташаккули шахсият