Барномаи театрҳо ва дастаҳои мусиқӣ: Чӣ мехонӣ?

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи ду моҳи охир дар мулоқоти анъанавӣ ба аҳли зиё 20-уми март ва дар маҷлиси якҷояи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати кумитаи тадорукоти таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-уми апрел дар иртибот ба барномаи театрҳои касбӣ ва дастаҳои мусиқии мамлакат эродҳои ҷиддӣ гирифтанд.
Имрӯз иддае аз рӯзноманигорон ва мунаққидону санъатшиносон изҳори таассуф мекунанд, ки мардум ба театр намераванд ва намоиши спектаклҳо зимни толорҳои холӣ баргузор мешаванд. «Толорҳо не, балки кӯлборҳо холиянд»,- зикр намуданд Сарвари давлат бо ишора ба барномаи (репертуари) театрҳои касбӣ ва дастаҳои мусиқӣ ва илова карданд, ки агар асари хуб, намоиши ҷолиб пешниҳод шавад, тамошобин ҳатман ба тамошо меравад.