Назарзода Маъруф Раҷаббек

Сармуҳаррири Идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилӣ
Маъруф Назарзода, 5-уми январи соли 1987 дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар оилаи коргар таваллуд шудааст.
Соли 2010 факултаи журналистикаи телевизион ва радиои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо дипломи аъло хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатияшро соли 2008 дар матбуот оғоз намудааст.
Соли 2012 «Мактаби журналисти ҷавон»-ро хатм кардааст.
Соли 2013 Мактаби журналистии «Тоҷикистон асри 21»-ро хатм намудааст.
Соли 2012 барои ишғоли ҷои 1-ум дар озмуни ҷумҳуриявии хушунати хонаводагӣ миёни журналистони Тоҷикистон, барои таҳияи беҳтарин барномаи телевизионӣ аз тарафи Дафтари СММ дар Тоҷикистон соҳиби гувоҳнома гардид.
Муаллифи зиёда аз 50 мақолаи публисисти ва илмӣ мебошад.
Аз соли 2007 то инчониб узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.

Дар давоми фаъолияти корияш бо ифтихорномаҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Раёсати ҷавонони шаҳри Душанбе, Иттифоки журналистони Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии ҶТ, ҲХДТ, Суди Олии ҶТ, Суди Олии иқтисодии ҶТ қадр карда шудааст.  
Солҳои 2008-2010 муҳаррири идораи иттилоотии «Радиои Тоҷикистон» буд.
Аз соли 2010 то соли 2016 муҳаррири Идораи барномаҳои сиёсии «Телевизиони Тоҷикистон» фаъолият намудааст.
Аз моҳи январи соли 2017 то моҳи январи соли 2021дар вазифаи муовини сармуҳаррири Идораи барномаҳои сиёсии «Телевизиони Тоҷикистон» фаъолият кардааст.
Аз моҳи январи соли 2021 то инҷониб сармуҳаррири Идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии «Телевизиони Тоҷикистон» аст.
Аълочии телевизиоин ва радиои Тоҷикистон мебошад.
Оиладор соҳиби ду фарзанд.