Қаюмов Зафар Боймуродович

Қаюмов Зафар Боймуродович санаи 23-уми феврали соли 1991 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Соли 2009 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳияи Данғараро хатм карда, ба шуъбаи рӯзонаи ихтисоси забон ва адабиёти рус, факултети филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил мешавад ва соли 2014 донишгоҳи мазкурро хатм менамояд. Соли 2013 дар Идораи сиёсии «Телевизиони Тоҷикистон» ба ҳайси муҳаррир ба кор қабул шуда, солҳои 2018-2020 муҳаррири варзидаи ҳамин Идора кор кардааст. Аз 01.01.2021 сармуҳаррири Идораи ҳуҳуқ, амният ва мудофиа мебошад.

Давоми фаъолияти меҳнатияш дар «Телевизиони Тоҷикистон» барномаҳои муаллифии «Дунёи нав», «Дар олами сиёсат», «Меҳвари сиёсат», «Меҳвар». «Замон ва ҷаҳон»-ро рӯи кор овардааст. Донандаи забони русӣ мебошад.

Бо нишони Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст