Бобозода Абдуваҳҳоб Абдусаттор

Бобозода Абдуваҳҳоб Абдусаттор 25-уми июни соли 1984 ба дунё омадааст.

Соли 2001 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дохил шуда, онро соли 2006 хатм намудааст.

Баъди хатми донишгоҳ, солҳои 2006-2010 дар Идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии радиои «Тоҷикистон» ба ҳайси муҳаррир ва муҳаррири варзида фаъолият намуда, муаллифи барномаҳои радиоии «Амвоҷи сухан», «Меҳрпайванд» ва  «Муҳоҷир» мебошад.

Солҳои 2010-2014 фаъолияти худро дар Идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон» ба ҳайси муҳаррири варзида ва баъдан муовини сармуҳаррир идома додааст.

Аз моҳи январи соли 2014 то  моҳи апрели соли 2015 вазифаи сармуҳаррири Идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии «Телевизиони Тоҷикистон»-ро ба уҳда дошт.

Аз моҳи апрели соли 2015 то 1 январи соли 2021 дар вазифаи муовини якуми сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон» фаъолият намудааст.

Айни замон сармуҳаррири Идораи барномаҳои меъморӣ, сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсияи «Телевизиони Тоҷикистон» мебошад.

Бо «Ифтихорнома», нишони «Аълочии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.