Умед Назарзода

Назарзода Умед Абдураҳим 8-уми сентябри соли 1988 дар Тоҷикистон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст.
Номбурда шуъбаи Журналистикаи байналхалқии факултаи Филологияи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистонро соли 2011 хатм кардааст.
Назарзода Умед фаъолияти меҳнатиро ҳанӯз аз соли 2008 ба ҳайси наттоқ ва сипас муҳаррири Идораи иттилоотии Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» шурӯъ намуда, солҳои 2012-2014 ба сифати мутахассиси пешбари Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Ӯ солҳои 2014-2015 ба ҳайси хабарнигор - наттоқи Идораи иттилоотӣ, муҳаррири Идораи барномаҳои фарҳангии Телевизиони «Тоҷикистон» тариқи шартномавӣ кор карда, аз 6-уми июли соли 2015 фаъолияташро ба ҳайси муовини аввали директори Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» пеш бурдааст.
Назарзода Умед бо фармони Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17-уми марти соли 2017 ба вазифаи муовини аввали директори «Телевизиони Тоҷикистон» таъйин гардид.
Ӯ муаллифи силсилабарномаҳои фарҳангӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ мебошад. Назарзода Умед барои саҳм гузоштан дар рушди соҳаи журналистика бо як қатор ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шудааст. Ӯ аз соли 2009 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.