Солиҳов Завқибек Саидаминович

Солиҳов Завқибек Саидаминович 1-уми январи соли 1984 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети журналистӣ ва тарҷумони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Фаъолияти кории худро аз телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон (СМТ) шурӯъ намуда, аз соли 2010 то 2013 дар рӯзноми «ИмрўзNews» фаъолият кардааст. 
Аз 8-уми апрели соли 2013 фаъолияти худро ҳамчун муҳаррир дар идораи барномаҳои иқтисодии Телевизиони Тоҷикистон идома дода, аз моҳи августи соли 2015 то имрӯз муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои сиёсии Телевизиони Тоҷикистон мебошад.