​ Шамсиддинзода Субҳиддин

 Шамсиддинзода Субҳиддин Шамсиддин соли 1978 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст.
Номбурда Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва Донишкадаи давлатии идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисосҳои омӯзгори забонҳои хориҷӣ ва мененҷменти идоракунии давлатӣ хатм кардааст.
Шамсиддинзода Субҳиддин аз соли 2001 то соли 2007 дар идораҳои гуногуни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррир, муҳаррири варзида, котиби масъул, муовин ва сармуҳаррири идораҳои барномаҳои иттилоотии радио ва Телевизиони Тоҷикистон кор кардааст.
Кордонию дониши баланди рӯзноманигории Шамсиддинзода Субҳиддинро ба инобат гирифта, соли 2007 роҳбарияти вақти Кумита номбурдаро барои кор ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон тавсия намуданд.
Шамсиддинзода Субҳиддин дар давоми 10 соли собиқаи корӣ дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз худ маҳорату малакаи баланди касбӣ нишон дода, ба боварии роҳбарияти Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти матбуоти Сарвари давлат сазовор гардидааст. Шамсиддинзода Субҳиддин муаллифи шарҳу гузоришҳои сиёсии телевизионӣ, китобҳо ва солномаҳои фарогири фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, филмномаҳои сиёсӣ ва хабару мақолаҳои зиёди таҳлилию хабарӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ мебошад.
Ӯ барои саҳми беандоза дар инъикоси воқеии фаъолияти рӯзмарраи роҳбарияти давлату Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон ва дастоварду музаффариятҳои беназири даврони соҳибистиқлолии мамлакат, ҳамчунин мусоидат ба пешрафти кори телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба нишони Аълочии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии матбуоти Тоҷикистон сарфароз гардида, ҷоизадори Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рӯзноманигорӣ мебошад. Шамсиддинзода Субҳиддин инчунин дар агентиҳои бузурги хабарии Ҷопон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон такмили ихтисос намудааст.
Бо назардошти хизматҳои беназир Шамсиддинзода Субҳиддин 15-уми марти соли 2017 ба мансаби пурмасъулияти Директори Телевизиони Тоҷикистон таъин гардидааст.