Шабнамҷони Маҳмуд

Шабнамҷони Маҳмуд 31-августи соли 1995 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Номбурда Соли 2016 факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Шабнамҷон фаъолияти кориашро соли 2012  дар идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” оғоз кардааст. Мавсуф аз моҳи феврали соли 2016 инҷониб дар идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррир фаъолият дорад. Ӯ муаллиф ва барандаи барномаҳои “Этикет”, “Ҷавҳари ҳастӣ”, “Эҷод” намоишномаҳо ва як қатор барномаҳои идона мебошад.