Сарвиноз Авезова

Сарвинози Суҳроб
4 июли соли 1989 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Ӯ соли 2012 шўъбаи рузноманигори телевизион ва радиои факултети театрӣ-бадеии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзодаро хатм намудааст. Номбурда инчунин хатмкардаи шуъбаи аспирантура ва докторантураи факултаи Журналистикаи ДМТ мебошад.
Сарвиноз фаъолияти кориашро соли 2012 ба ҳайси муҳаррир дар Идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон» оғоз карда, то имрўз дар ин вазифа фаъолият дорад.